مسألة № 01986
Агар марде зан дошта бошад ва боз зино кунад, оё никоҳи ў бо зани ҳалолаш қатъ мешавад?
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Агар марде зан дошта бошад ва боз зино кунад, оё никоҳи ў бо зани ҳалолаш қатъ мешавад?
Саволдиҳанда: Карим
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат никоҳ ба сабаби зино қатъ намешавад, вале хуб бояд дарк кард, ки зино гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст ва касе, ки ба ин амали ҳаром ва ҷинояти сангин даст мезанад, баракат аз касбу рўзӣ ва хонадону зиндагии ў аз байн рафта, дар пешгоҳи Худованд гунаҳгори азим ва дар чашми мардумон шармандаву рўсиёҳ мегардад.