مسألة № 01995

Муддати ҳашт сол мешавад, ки ман оиладорам, вале аз рўзи аввал то ҳол байни мо ҳамдигарфаҳмӣ нест. Ҳамсарам намозхон аст ва ду фарзанд дорем, вале ба ман бовар надорад...

مسألة:

Ассалому алайкум устодони муҳтарам. Муддати ҳашт сол мешавад, ки ман оиладорам, вале аз рўзи аввал то ҳол байни мо ҳамдигарфаҳмӣ нест. Ҳамсарам намозхон аст ва ду фарзанд дорем, вале ба ман бовар надорад. Зиёда аз як сол мешавад, ки дар муҳоҷират ҳастам. Ў хост ба назди ман биёяд, барояш пул равон кардам, аммо аз омадан худдорӣ кард. Ман ба ғазаб омада гуфтам, ки “як бори дигар шикоят мекунӣ, ба ту ҷавоб, дигар корат надорам”. Қабул кард, пас аз ду рўз занг зада гуфт, ки мехоҳад пеши ман ояд. Дар ин ҳолат никоҳи мо чӣ мешавад? Ман инсони рашкин ҳастам, се рўз аст, ки бисёр хашмгинам ва дар ин муаммо ҳайрон мондаам, чӣ кор кунам?

Саволдиҳанда: Эҳсон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо аз ҳикмату андешаи солим истифода кунед, аз Худованд умед дорем, ки байнатон ҳамдигарфаҳмӣ пайдо мешавад ва сабаби улфату муҳаббат миёнатон мегардад. Шумо бо нармӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамсаратон муносибат кунед, занҳо ба навозиш ниёз доранд. Фарзандони худро аз дидагонатон дур накунед, зеро онҳо равшании чашми падару модаранд. Алҳол дар никоҳи шумо халале воқеъ нашудааст, вале агар ҳамсари шумо бори дигар шикоят кунад, никоҳи байни шумо қатъ мешавад. Шумо нисбат ба ҳамсаратон бадгумон нашавед, зеро гумони бад хотири инсонро мушавваш ва зиндагияшро талх месозад. Ҳамсари шумо ба сабаби итоат накарданаш гунаҳгор шудааст, бояд тавбаву истиғфор кунад.

2019-01-15
3004
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38