مسألة № 02045

Ман бо шавҳарам бештар аз як сол аст, ки зиндагии муштарак надорем. Никоҳи мо тибқи қонунгузории кишвар бекор карда шудааст. Се фарзанд дорем ва пас аз ҷудо шудан фарзандон бо ман монданд. Падарашон маро талоқ накардааст, лекин ҳамчун шавҳар бо ман ягон муносибат надорад...

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман бо шавҳарам бештар аз як сол аст, ки зиндагии муштарак надорем. Никоҳи мо тибқи қонунгузории кишвар бекор карда шудааст. Се фарзанд дорем ва пас аз ҷудо шудан фарзандон бо ман монданд. Падарашон маро талоқ накардааст, лекин ҳамчун шавҳар бо ман ягон муносибат надорад ва ягон масъулияти падариро ба зимма нагирифта рафт. Шунидам, ки агар мард муддати беш аз 6 моҳ занро аз ягон ҷиҳат таъмин насозад, никоҳ қатъ мешавад. Оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда: Заҳро

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо айни замон дар никоҳи шавҳаратон қарор доред, агар талоқатонро гирифтан хоҳед, метавонед онро бо роҳи мусолиҳа гиред. Агар шавҳаратон ба додани талоқ розӣ нашавад, пас аз гузаштани чор сол тибқи қарори Шўрои уламо аз Раёсати фатво хатти талоқ мегиред.

2019-04-03
3000
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38