مسألة № 02052
Аз ин лиҳоз яке аз роҳҳои нишондодаи табиб ин аст, ки ман аз мании бародарам истифода карда, ҳамсарамро бордор кунам. Оё ин роҳ аз нигоҳи дини Ислом дуруст аст ё на?
مسألة:
Ассалому алайкум. Тўли се сол мешавад, ки оиладор ҳастам ва ҳоло фарзанд надорам. Ҳама гуна муоинаро гузаштам, табиб хулоса дод, ки ман наметавонам фарзанддор шавам. Ман ва ҳамсарам намехоҳем хонавайрон шавем. Аз ин лиҳоз яке аз роҳҳои нишондодаи табиб ин аст, ки ман аз мании бародарам истифода карда, ҳамсарамро бордор кунам. Оё ин роҳ аз нигоҳи дини Ислом дуруст аст ё на?
Саволдиҳанда: Ҷасур
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат бордоркунии сунъӣ дар ҳолати зарурат фақат бо мании худи шавҳари зан бо риояи шароити хос дуруст аст. Истифода кардан аз мании шахси дигар ҳаром аст ва касе, ки ба ин амал тавсия медиҳад ё онро иҷро мекунад, дар пешгоҳи Худованд муртакиби амали ҳаром ва гунаҳгори азим мешавад.