مسألة № 02114

Ман қарздор ба маблағи бисёр шудам. Хонаро дар ивази қарз додем, аммо ҳамаи онро адо карда натавонистам. Нисбати ман шикоят карданд ва эҳтимол аст, ки зиндонӣ шавам. Қарзи худро ба уҳда мегирам ва нияти пардохти онро дорам. Оё дар сурати зиндонӣ шудан қарзи банда дар пешгоҳи Худованд адо мешуда бошад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман қарздор ба маблағи бисёр шудам. Хонаро дар ивази қарз додем, аммо ҳамаи онро адо карда натавонистам. Нисбати ман шикоят карданд ва эҳтимол аст, ки зиндонӣ шавам. Қарзи худро ба уҳда мегирам ва нияти пардохти онро дорам. Оё дар сурати зиндонӣ шудан қарзи банда дар пешгоҳи Худованд адо мешуда бошад? Дар ҳаққи ман ва фарзандонам дуо кунед.

Саволдиҳанда: Саъдӣ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат зиндонӣ шудан инсонро аз пардохти қарз озод намекунад. Қарз ҳаққи банда аст, то вақте ки соҳиби қарз онро набахшад, аз зиммаи қарздор соқит намешавад. Худованд мушкилоти шуморо осон гардонаду аз бори қарз раҳоӣ бахшад ва ба фарзандонатон комёбӣ ато фармояд.

2019-05-16
2650
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39