مسألة № 00215

Намози тасбеҳотро чӣ тавр мехонанд?

مسألة:

Ассалому алайкум. Намози тасбеҳотро чӣ тавр мехонанд?

Саволдиҳанда:Ҷамшед.

إجابة:

Намози тасбеҳот чаҳор ракъат буда, дар он 300 бор ин тасбеҳ хонда мешавад:

«Субҳоналлоҳи вал-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-ъалиййил-ъазим».

Ин тасбеҳ дар дохили намоз чунин хонда мешавад:

  1. 15 бор баъд аз сано (пеш аз «Фотиҳа»).
  2. 10 бор баъд аз замми сура.
  3. 10 бор дар рукуъ.
  4. 10 бор вақти рост шудан аз рукуъ (дар қавма).
  5. 10 бор дар саҷдаи аввал.
  6. 10 бор дар байни ду саҷда (дар ҷалса).
  7. 10 бор дар саҷдаи дувум.

Ин тасбеҳот дар ракъати аввал 75 бор хонда мешавад. Ба ин тартиб дар ракъати дувум низ 75 бор хонда мешавад. Ракъатҳои севум ва чаҳорум низ чунин аст.

2015-10-09
5067
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

16.09.2025

أكثر
الفجر04:26
الظهر12:40
العصر16:38
المغرب18:42
العشاء20:12