مسألة № 02204
Ман дар оғози моҳи мубораки Рамазон фарзанддор шудам. Аҳли хонавода тасмим гирифтанд, ки ба ў Рамазон ном гузоранд...
مسألة:
Ассалому алайкум. Ман дар оғози моҳи мубораки Рамазон фарзанддор шудам. Аҳли хонавода тасмим гирифтанд, ки ба ў Рамазон ном гузоранд. Ман ба онҳо мефаҳмонам, ки беҳтарини номҳо номи анбиёву авлиё ва сифатҳои Худост, аммо онҳо мегўянд, ки фарзанди шуморо бо номи Рамазон мепурсанд. Ман чӣ кор кунам, ки волидон наранҷида ба фарзандам яке аз номҳои писандидаи худ, яъне Имрон ё Сафиюллоҳ ё Абдулбосит гузорам?
Саволдиҳанда: Дилшод
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Рамазон дар фарҳанги номгузории тоҷикон маъмул аст ва ба фарзанд гузоштани ин ном ишколе надорад. Агар аҳли хонадони шумо ин номро писандида бошанд, бигузор бошад, вале агар ба шумо дигар ном писанд аст, бо мулотифату равиши оқилона волидонатонро розӣ кунед ва ба фарзандатон номи писандидаи худро гузоред.