مسألة № 00222
Оё рост аст, ки Пайғамбари Худо сари луч ва таҳи шортик бо куртаи остинкалта намоз мехондааст.
مسألة:
Ассалому алайкум. Аз Шумо як суол дорам. Оё рост аст, ки Пайғамбари Худо сари луч ва таҳи шортик бо куртаи остинкалта намоз мехондааст. Илтимос ҷавоб диҳед.
Зулфиқори Хол аз Алмаато.
إجابة:
Аввал ин ки шортик дар замони Пайғамбар (с) мавҷуд набуд, пас ин сухан, ки Пайғамбар (с) бо шортик намоз хонда бошад, дуруст нест. Ҳамчунин дар ҳеҷ ҳадис ва ё асари саҳеҳ собит нашудааст, ки Расули Худо (с) сари бараҳна намоз гузорида бошад. Дувум ин ки либосҳои он замон аз либосҳои замони мо фарқ доштанд. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Чун яке аз шумо дар як либос намоз гузорад, ду тарафи онро болои китфҳояш пӯшонад». Аз ин ҳадис чунин маълум мешавад, ки дар ҳолати бо як либос намоз гузоридан бояд китфҳо пӯшида шаванд ва набояд бозуҳо ва оринҷҳо кушода бошанд. Ба ҳамин далел фақеҳони ҳанафӣ бо сари бараҳна ва бо як либоси танҳо гузоридани намозро макрӯҳ қарор додаанд. Чунончи дар китоби «Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу» оид ба ин мавзуъ чунин меорад: «Намоз гузоридан бо шалвори танҳо бо вуҷуди тавоноӣ доштан ба пӯшидани курта макрӯҳ аст, инчунин гузоридани намоз бо сари бараҳна кароҳият дорад, зеро рӯҳи намоз аз хушуъ ва фурӯтанӣ иборат аст. Бинобар ин, аз нигоҳи шаръ мустаҳаб аст, ки мард намозашро дар ду либос, яъне курта ва шалвор (изор) бо сари пӯшида гузорад».
Дар ҳадиси дигаре аз Нофеъ ривоят шудааст, ки фармуд: «Рӯзе ба сабаби алаф додани шутурон аз намоз пас мондам. Пас бо як либос намозамро мегузоштам, ки нохост Ибни Умар (р) ба наздам даромад. Сипас ба ман гуфт: «Оё ду либос надоштӣ?» Гуфтам: «Оре». Гуфт: «Пас ба ман бигӯ, ки агар туро ба назди яке аз аҳли Мадина мефиристодам, оё бо як либоси танҳо мерафтӣ?» Гуфтам: «На». Гуфт: «Пас Аллоҳ сазовортар аст ба ин ки худро барои ӯ зинат диҳӣ ва ё мардум?». (Ривояти Байҳақӣ).
Қобили зикр аст, ки гузоридани намоз бо шортик ва либосҳои тангу тунук як навъ беэътиноӣ ва таҳқир нисбат ба амри намоз мебошад, бинобар ин, гузоридани намоз бо чунин либосҳо барои марду зан ҷоиз нест.