مسألة № 02260

Тавбаро чӣ гуна мекунанд?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Тавбаро чӣ гуна мекунанд?

Саволдиҳанда: Муҳаммадҷон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тавба се шарт дорад: 1. Аз гуноҳ пушаймон шавад. 2. Аз гуноҳ худдорӣ кунад. 3. Қасди бозгашт ба он гуноҳ накунад. Тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад. Вақте инсон аз гуноҳаш сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд: “Бигў: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ў ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. (Сураи “Зумар” 53) Дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд: “Тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд ба ҳамаи бандагони гунаҳгор тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд.

2019-12-13
2591
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

31.12.2024

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:18
المغرب17:16
العشاء18:46