مسألة № 02371

Намозҳои қазоии солҳои гузаштаро кай ва чӣ тавр хондан мумкин аст? Сураи “Қадр” пас аз хуфтан чанд бор хонда мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Намозҳои қазоии солҳои гузаштаро кай ва чӣ тавр хондан мумкин аст? 2. Сураи “Қадр” пас аз хуфтан чанд бор хонда мешавад?

Саволдиҳанда: Умеда

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, равиши гузоридани намозҳои қазоӣ низ монанди гузоридани намозҳои вақтӣ буда, ба ҷуз се вақт: ҳангоми тулуъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар васати осмон ва аснои фурў рафтани офтоб, дар ҳама вақтҳои дигар дуруст аст. Нияти намози қазоӣ чунин аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози қазоии бомдоди аввалин, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар”. Агар намози қазоии пешин ё дигар намозҳои панҷгонаро мегузоред, ба ҷои бомдод номи ҳамон намоз зикр мешавад. Нияти намози қазоии витр чунин аст: “Ният кардам бигузорам аввалин намози витр, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу Акбар”. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ ба қадри имкон якчанд намози қазоӣ ба ҷо оварда шавад, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоӣ адо хоҳед шуд. 2. Хондани сураи “Қадр” ба ихтиёри худи шахс вобаста аст, маҳдуд ба вақт ё адади муайян нест, ҳар вақте ва чанд боре, ки онро бихонад, боиси аҷру савоб аст.

2020-05-09
2624
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.04.2024

أكثر
الفجر03:51
الظهر12:40
العصر17:26
المغرب19:25
العشاء20:56