مسألة № 02392
Мегўянд, ки ба ҷои хоби зану шавҳар даромадан вубол аст, сабабаш чист? Дар ҳуҷраи мо диван монда шудааст, оё он рахти хоб ҳисоб мешавад?
مسألة:
Мегўянд, ки ба ҷои хоби зану шавҳар даромадан вубол аст, сабабаш чист? Дар ҳуҷраи мо диван монда шудааст, оё он рахти хоб ҳисоб мешавад?
Саволдиҳанда: Мунира
إجابة:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, аз нигоҳи ахлоқӣ ба ҳуҷраи хоби касе бидуни иҷозати соҳибаш даромадан манъ аст, зеро дар ҳадис ворид шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Як нафар нафари дигарро дар маҳалли қудрат ва сарварияш имомат накунад ва бар нишастгоҳи ў дар хонааш нанишинад”. (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ). Албатта диван рахти хоб ва ҳарими шахсии соҳиби хона ба ҳисоб меравад.