مسألة № 02397

Ба наздикӣ соҳиби ду писарча шудам. Мехостам барои онҳо ягон номҳои мувофиқ пешниҳод мекардед. Худованд нигаҳбонатон бошад.

مسألة:

Ассалому алайкум. Ба наздикӣ соҳиби ду писарча шудам. Мехостам барои онҳо ягон номҳои мувофиқ пешниҳод мекардед. Худованд нигаҳбонатон бошад.

Саволдиҳанда: Муҳаммадамин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, таваллуди ҳар ду писарча барои шумо муборак бошанд, Худованд онҳоро ба камол бирасонад ва аз некияшон бархўрдор шавӣ. Одатан ба дугоникҳо Ҳасан ва Ҳусайн мегузоранд. Шумо метавонед аз фарҳанги номҳо ин ду ном ё ҳар номи муносиби дигареро барои навзодон интихоб кунед. Масалан, метавонед ба писарчаи аввал номи Саҳл ва ба писарчаи дуюм номи Суҳайл гузоред. 

2020-05-19
2575
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

07.04.2025

أكثر
الفجر04:27
الظهر12:40
العصر17:05
المغرب19:04
العشاء20:34