مسألة № 00024
Оё ба сабаби нахондани намоз инсон кофир мешавад?
مسألة:
Оё ба сабаби нахондани намоз инсон кофир мешавад?
Саволдиҳанда Зиёдуллоҳ
إجابة:
Не, зеро ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан дар мазҳаби ҳанафӣ бо тарки намоз инсон кофир намешавад. Имоми Аъзам (р) дар китоби «Фиқҳи акбар» мегӯяд:
«Вало нукаффиру муслиман бизанбин миназзунуби ва ин конат кабиратан изо лам ястаҳиллаҳо».
«Мо ягон мусулмонро барои гуноҳи содир кардааш агарчи он гуноҳ гуноҳи кабира ҳам бошад, ба шарте он гуноҳро ҳалол нашуморида бошад, нисбат ба куфр додан ҳақ надорем».
Шахси бенамоз ҳукми мусулмони фосиқро дорад, фардои қиёмат зери машият ва хости Худо қарор мегирад, агар бихоҳад ӯро ба фазлаш мебахшад ва агар бихоҳад, тибқи адлаш ӯро азобу уқубат мекунад, зеро дар ҳадиси шариф омадааст:
« خَمْسُ صَلَوَاتٍ كَتَبَهُنَّ اللَّهُ عَلَى الْعِبَادِ فَمَنْ جَاءَ بِهِنَّ لَمْ يُضَيِّعْ مِنْهُنَّ شَيْئًا اسْتِخْفَافًا بِحَقِّهِنَّ كَانَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ أَنْ يُدْخِلَهُ الْجَنَّةَ وَمَنْ لَمْ يَأْتِ بِهِنَّ فَلَيْسَ لَهُ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدٌ إِنْ شَاءَ عَذَّبَهُ وَإِنْ شَاءَ أَدْخَلَهُ الْجَنَّةَ ». )رواه أحمد و أبوداود(.
«Панҷ вақт намозро Худованд бар бандагонаш фарз кардааст, касе ин панҷ вақт намозро барпой дорад, Худованд аҳд кардааст, чунин бандагонашро ба биҳишт медарорад. Аммо касе ин панҷ вақт намозро барпой надорад, ҳеҷ аҳде назди Худованд надорад, агар хоҳад, ӯро азоб мекунад ва агар хоҳад, ӯро ба ҷаннат медарорад». (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд).
Суол: Оё таманно ва орзу кардани марг аз нигоҳи шариат дуруст аст? Агар касе маргро орзу кунад гунаҳгор мешавад?
Посух: Маргро таманно кардан аз нигоҳи шариат дуруст нест, зеро банда дар зиндагии худ бояд машғули ибодат шавад. Расули Худо (с) омода шудан ба маргро тавсия намуда, аз орзу кардани марг боздоштаанд. Дар ҳадис омадааст:
« استعد للموت قبل نزول الموت ». (رواه الطبراني).
«Қабл аз фаро расидани марг барои он омода шав».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
« لا يَتَمَنَّ أحَدُكُمُ المَوْتَ ، إمَّا مُحْسِناً فَلَعَلَّهُ يَزْدَادُ ، وَإمَّا مُسِيئاً فَلَعَلَّهُ يَسْتَعْتِبُ ». (متفقٌ عَلَيْهِ).
«Ҳеҷ як аз шумо маргро орзу накунад, зеро агар некӯкор бошад, шояд некиҳояш афзуда гардад ва агар бадкирдор бошад, шояд тавба кунад».
(Муттафақун алайҳ).