مسألة № 02438
Аз як шахси боилм шунидам, ки дар вақти намоз ният кардани он бо забон шарт ва иҷозат нест, фақат дар дил бо ният кард, чунки ягон далеле дар бораи ният кардан бо лафз наомадааст...
مسألة:
Ассалому алайкум. Аз як шахси боилм шунидам, ки дар вақти намоз ният кардани он бо забон шарт ва иҷозат нест, фақат дар дил бо ният кард, чунки ягон далеле дар бораи ният кардан бо лафз наомадааст. Шахси дигаре гуфт, ки бо забон овардани ракъати намоз ҳангоми ният сабаби риё мешавад. Ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд? Дар мавриди ният ягон далеле меовардед.
Саволдиҳанда: Хайриддин
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, маънои ният дар луғат қасд ва тасмими қалбӣ аст ва он яке аз шартҳои намоз ба шумор меравад. Талаффузи ният дар вақти шуруъи намоз амри мустаҳаб аст. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” дар ин бора чунин мефармояд: “Қасд (тасмими қалбӣ) ҳамроҳ бо талаффузи он афзал аст”. Яъне ба забон талаффуз кардани ният амри хуб ва сабаби ҳамоҳанг шудани дилу забон мегардад. Дар масоили ҷузъӣ баҳс кардан ва вақти азизи худро дар он зоеъ намудан шеваи оқилон нест, масоили муҳимтаре дар зиндагӣ вуҷуд дорад, ки барои он саъйу кўшиш бояд кард.