مسألة № 02447

Оё далеле ҳаст, ки 30 рўз бояд рўза гирифт?. Агар спирт ба даст ё либос расад, таҳорат мешиканад? Агар касе дар моҳи Рамазон зино кунад ва пас аз он тавба кунад, Аллоҳ ин шахсро мебахшад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Оё далеле ҳаст, ки 30 рўз бояд рўза гирифт? 2. Агар спирт ба даст ё либос расад, таҳорат мешиканад? 3. Агар касе дар моҳи Рамазон зино кунад ва пас аз он тавба кунад, Аллоҳ ин шахсро мебахшад?

Саволдиҳанда: Амин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, иди Фитр бо рўъяти ҳилоли Шаввол ё қарори ниҳоди масъул бар асоси ҳисоби илмӣ собит мегардад. Тибқи қарори Шўрои уламо иди Фитр рўзи 24-уми май муайян шудааст, ки дар ин сурат моҳи Рамазон 30 рўзи комил мешавад, аз ин рў, пас аз такмили муддати мазкур хўрдани рўза ҷоиз мегардад. 2. Расидани спирт ба даст ё либос таҳоратро намешиканад, зеро он маводи табобатӣ ба шумор меравад. 3. Зино амали зишту ҳаром ва сабаби бадбахтию бебаракатӣ дар умру молу зиндагӣ аст. Касе, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба ин амали зишт даст мезанад, назди Худову Паёмбар ва фариштагону халқи Худо рўсиёҳ мегардад. Агар аз ин кори қабеҳ тавба кард ва ҳамаи шароити тавбаро ба ҷо овард, умед аст, ки Худованд ўро биёмурзад, зеро Худованд тавбапазир аст.

Суол: Ассалому алайкум. Баъд аз гузоридани намозҳои панҷвақта пас аз салом чӣ бояд хонд?

Саволдиҳанда: Маҳмудҷон

Ҷавоб: Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тартиби зикрҳо ва дуоҳо пас аз адои намозҳои панҷгона ба ин тариқ аст:

“Аллоҳумма Антас-Салому ва минкас-салому таборакта Раббано ва таъолайта ё Зал-ҷалоли вал-икром”.

Худовандо! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст ва баракати Ту фаровон аст. Эй Соҳиби шукўҳ ва бахшоиш.

Хондани «Оятул-Курсӣ»:

«Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм; Ло таъхузуҳу синатун ва ло навм; Лаҳу мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арз; Ман заллазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ; Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум; Ва ло юҳитуна бишайъин мин ъилмиҳи илло бимо шоъ; Васиъа Курсийюҳу-с-самовоти ва-л-арза ва ло яъудуҳу ҳифзуҳумо; Ва Ҳува-л-Ъалийю-л-Ъазим».

Тарҷума: «Аллоҳ, Худое ба ҷуз Ў нест, ҳамеша Зинда (ва) тадбиркунанда (-и корҳои офариниш) аст. На хоби сабук (ғанаб) Ўро фаро мегирад ва на хоби гарон. Аз Ўст он чи дар осмонҳо ва замин аст. Кист он касе, ки дар назди Ў шафоат намояд, магар ба иҷозати Ў? Тамоми он чиро, ки пеши рў ва дар пушти онҳост, медонад ва онҳо ба чизе аз илмаш, ҷуз ба он чи Ў бихоҳад, иҳота надоранд. Курсии Ў осмонҳо ва заминро (дар худ) фаро гирифтааст. Ва ҳифз (-у нигаҳдошт)-и онҳо бар Ў гаронӣ намекунад ва Ў Баландмартабаву Боазамат аст».

33 бор «Субҳоналлоҳ», 33 бор «Алҳамду лиллоҳ», 33 бор «Аллоҳу Акбар» ва як бор калимаи тавҳид хондан. Калимаи Тавҳид ин аст:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин Қадир.

Тарҷума: Нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, Ў ягона аст, мулк ва ситоиш аз они Ўст ва Ў бар ҳар чиз Тавоност.

Сипас ин дуоҳоро мехонад:

«Аллоҳумма тақаббал минно салотано бифазлика ва карамика ва ло тазриб биҳо вуҷуҳано ё Илаҳал-оламин ва ё Хайран-носирин таваффано муслимин ва алҳиқно бис-солиҳин бираҳматика ё Араҳамар-роҳимин».

Тарҷума: Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рўйи мо мазан, эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгорон, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некукорон бипайванд, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.  

Пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз Қуръон ин дуо хонда мешавад: «Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақўно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманў, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».

Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дўзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.   

Дар охир ин дуоро мехонанд:

«Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».

Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дўзах моро раҳоӣ бахш».

Барои маълумоти бештар шумо аз бахши «Китобхона»-и сомона китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон»-ро мутолиа намоед.

2020-05-28
4044
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44