مسألة № 00246

Сифати ҳашр, яъне ҷамъ шудан дар маҳшарро баён намоед

مسألة:

Сифати ҳашр, яъне ҷамъ шудан дар маҳшарро баён намоед

Саволдиҳанда:Раҳмоналӣ

إجابة:

Дар мавриди сифати ҳашр оятҳо ва ҳадисҳо бисёр аст. Худованд мефармояд: “Ҳамоно танҳо, чунон ки бори аввал шуморо офарида будем, пеши Мо омадед». («Анъом», 94)

Ҷои дигар фармудааст: «Ва ҳар кас, ки Худо ба ӯ роҳ намояд, ҳамон кас роҳёб аст; ва касоне, ки Худо онҳоро гумроҳ созад, барояшон ба ҷуз Худо дӯстоне наёбӣ; ва рӯзи қиёмат онҳоро бар рӯи хеш равоншуда, нобинову гунгу кар сохта, барангезем; ҷои онҳо дӯзах аст, ҳар гоҳ оташ фурӯ нишинад, барояшон онро биафзоем». («Исро», 97)

Ҳамчунин Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: «Эй мардум, шумо пойбараҳна, танбараҳна ва хатнаношуда ба ҳузури Худованд маҳшур мешавед. Огоҳ бошед, аввалин касе, ки аз мардум дар рӯзи қиёмат пӯшонида мешавад, Иброҳим (а) мебошад. (Ривояти Бухорӣ).

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) мефармуд: “Мардум дар рӯзи қиёмат пойбараҳна, танбараҳна ва хатнаношуда ҳашр мешаванд». Гуфтам: «Эй Расули Худо, мардону занон ҳамаашон якдигарро мебинанд?» Фармуд: «Эй Оиша, Кор бузургтар аз он аст, ки ин фикр бар сарашон пайдо тшавад». (Муттафақун алайҳ).

2015-12-02
4210
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43