مسألة № 02512
Шахсе субҳ бедор шуда, дар тагпўши худ тарӣ мебинад, агарчи ба манӣ монанд аст, вале манӣ нест. Аз ин сабаб ғусл намекунад, балки бо вузў намозашро мегузорад. Мегўяд, ки дирўз ғусл карда будам, агар боз ғусл кунам, ба сабаби сардии ҳаво бемор мешавам...
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шахсе субҳ бедор шуда, дар тагпўши худ тарӣ мебинад, агарчи ба манӣ монанд аст, вале манӣ нест. Аз ин сабаб ғусл намекунад, балки бо вузў намозашро мегузорад. Мегўяд, ки дирўз ғусл карда будам, агар боз ғусл кунам, ба сабаби сардии ҳаво бемор мешавам. Оё ин кораш дуруст аст ва намозу Қуръон хонданаш ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Абдуҷалил
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шахсе аз хоб бархоста дар либосаш тариро бинад, бар ў ғусл воҷиб мегардад. Агар сармо шадид бошад ва хавфи он дорад, ки бо оби сард ғусл кардан сабаби бемории ў мешавад, дар ин сурат таяммум кунад ва намозашро бигузорад. Албатта ин дар сурате аст, ки шароити муносиб аз қабили обу маскани гарм мавҷуд набошад, вагарна бояд ғусл кунад.