مسألة № 02515
Ман таҷвиди Қуръонро омўхтам, вале онро дар назди ягон домулло хатм накардаам. Оё метавонам, ки худам Қуръонро тиловат карда хатм кунам?
مسألة:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман таҷвиди Қуръонро омўхтам, вале онро дар назди ягон домулло хатм накардаам. Оё метавонам, ки худам Қуръонро тиловат карда хатм кунам?
Саволдиҳанда: Даврон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо мутобиқ ба қоидаҳои таҷвид тариқи дуруст хондани Қуръонро ёд гирифта бошед, метавонед, ки онро тиловат намуда хатм кунед. Вале беҳтар аст, ки тиловати кулли Қуръонро дар назди ягон мутахассиси қироат гузаронед, то ки дар дуруст ва бехато хондани он мутмаин шавед.