مسألة № 02519

Дар вақти хондани намоз ракъатҳои онро фаромўш мекунам. Масалан дар намози пешин ду ракъат мегузорам ва пас аз хондани “аттаҳийёт” фаромўш мекунам, ки ду ракъат хондаам ё чор ракъат. Пас аз ракъати сеюм ҳам фаромўш мекунам, ки сеюм ракъат буд ё чорум. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар вақти хондани намоз ракъатҳои онро фаромўш мекунам. Масалан дар намози пешин ду ракъат мегузорам ва пас аз хондани “аттаҳийёт” фаромўш мекунам, ки ду ракъат хондаам ё чор ракъат. Пас аз ракъати сеюм ҳам фаромўш мекунам, ки сеюм ракъат буд ё чорум. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Саволдиҳанда: Ансор

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин ҳолат шумо бояд ба ғолиби гумони худ амал намоед, масалан надонед, ки се ракъат хондаед ё чаҳор ракъат, дар ин ҷо бубинед, ки ғолиби гумонатон бар чист. Агар бар ин бошад, ки чаҳор ракъат хондаед, бояд ба қаъда бинишинед ва дар охири намоз саҷдаи саҳв ба ҷо оред. Вале агар ғолиби гумонатон бар ин аст, ки дар ракъати севум қарор доред, бояд ракъати чаҳорумро бихонед ва дар охир саҷдаи саҳв намоед. Агар гумонатон бар ягон ҷонибе ғолиб нашуд, он гоҳ ба камтарин миқдор амал кунед. Масалан, дар намози пешин агар шак кунед ва надонед, ки ду ракъат хондаед ё се ракъат ва ё чор ракъат, бояд онро ду ракъат ҳисоб карда, ба намози худ идома бидиҳед, лекин пас аз гузоридани ҳар ракъате бояд бинишинед, зеро эҳтимол дорад, ки мавзеъи қаъдаи охир бошад, сипас дар охир саҷдаи саҳв ба ҷо оваред.

2021-04-01
2065
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.04.2024

أكثر
الفجر03:49
الظهر12:40
العصر17:27
المغرب19:26
العشاء20:57