مسألة № 00257

Мо баъди намоз тасбеҳ гардонда, ба арвоҳи гузаштагон хатми Қуръон мекунем. Ин одамон мегӯянд, ки кори шумо нодуруст. Имрӯз ба мо гуфтанд, ки агар шумо баъди намоз омин кунед, яъне даст ба рӯ баред, ҳайф мешавад.

مسألة:

Ассалому алайкум! Ман пеш як савол дода будам, барои чӣ ҷавоб намедиҳед. Ман ҳайрон, агар ягон кас савол диҳад, як сол гузарад, баъд ҷавоб медиҳед? Як саволи дигар дорам. Мо баъди намоз тасбеҳ гардонда, ба арвоҳи гузаштагон хатми Қуръон мекунем. Ин одамон мегӯянд, ки кори шумо нодуруст. Имрӯз ба мо гуфтанд, ки агар шумо баъди намоз омин кунед, яъне даст ба рӯ баред, ҳайф мешавад. Хоҳишмандам, зудтар ҷавоби дуруст равон кунед. Илтимос.

إجابة:

Баъди намоз тасбеҳ гардондан ва хатми Қуръон карда, ба арвоҳи гузаштагон бахшидан дуруст аст, зеро Расули Худо (с) ба Умми Салама (р) гуфт, ки бо сангреза тасбеҳи худро бишумор, инчунин Абӯҳурайра (р) риштае бо худ дошт, ки ҳазор гиреҳ дошт ва ҳар шаб пеш аз хоб ба андозаи ҳамон гиреҳҳо зикру тасбеҳ мегуфт, сипас мехобид. Расули Худо (с) пас аз намози шом сураҳои “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро тиловат мекарданд. Хулоса, ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки дуои зиндагон барои мурдагон ва садақоташон барои мурдагон нафъ дорад.    

2016-01-08
6019
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:30
المغرب17:27
العشاء18:57