مسألة № 02586

Номҳои Шаҳром ва Меҳрона чӣ маъно доранд? Оё гузоштани ин номҳо дар шариати Ислом дуруст аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Номҳои Шаҳром ва Меҳрона чӣ маъно доранд? Оё гузоштани ин номҳо дар шариати Ислом дуруст аст?

Саволдиҳанда: Шаҳром

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Шаҳром ба маънои мутеъу фармонбардор ва номи Меҳрона ба маънои меҳрогину муҳаббатсиришт аст. Ҳар номе, ки маънояш ба усули шариат мухолиф набошад, гузоштани он ном дуруст аст.

2021-05-12
6285
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

13.01.2026

أكثر
الفجر05:59
الظهر12:40
العصر15:33
المغرب17:34
العشاء19:04