مسألة № 02589

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на?

مسألة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед. (Сураи “Аҳзоб”, ояти 41) Инчунин дар ҷойи дигар фармудааст: Ва Парвардигори худро бисёр ёд кун ва ба шому бомдод [Ўро] тасбеҳ гўй. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 41) Илова бар ин дар суннати Паёмбари акрам (с) низ тавсияҳо ва дастуроти зиёде дар бораи зикру тасбеҳ ворид шуда, ки бар фазилати зикри бисёр гуфтан далолат доранд. Чунонки бо ангуштон зикр гуфтан дар суннат ворид шудааст, бо тасбеҳ зикр гуфтан ҳам дар суннат вуҷуд дорад ва онро бидъат пиндоштан фикри нодуруст аст. Яъне зикр гуфтан бо тасбеҳ ё бо ангуштон дуруст аст. Бинобар ин, шумо ба суханони ҳамсояатон аҳамият надиҳед ва зикри Худоро бисёр гўед, зеро дилҳо бо зикри Худо оромиш меёбанд.

إجابة:

2021-07-29
2205
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43