مسألة № 02601

Дар вақти намоз гузоридан бароям фаромўшӣ пеш меояд. Оё дар ин ҳолат намозро бояд аз сар гузорам?

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар вақти намоз гузоридан бароям фаромўшӣ пеш меояд. Оё дар ин ҳолат намозро бояд аз сар гузорам?

Саволдиҳанда:Сайёра

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар ин ҳолат шумо бояд ба ғолиби гумони худ амал намоед, масалан надонед, ки се ракъат хондаед ё чаҳор ракъат, дар ин ҷо бубинед, ки ғолиби гумонатон бар чист. Агар бар ин бошад, ки чаҳор ракъат хондаед, бояд ба қаъда бинишинед ва дар охири намоз саҷдаи саҳв ба ҷо оред. Вале агар ғолиби гумонатон бар ин аст, ки дар ракъати севум қарор доред, бояд ракъати чаҳорумро бихонед ва дар охир саҷдаи саҳв намоед. Агар гумонатон бар ягон ҷонибе ғолиб нашуд, он гоҳ ба камтарин миқдор амал кунед. Масалан, дар намози пешин агар шак кунед ва надонед, ки ду ракъат хондаед ё се ракъат ва ё чор ракъат, бояд онро ду ракъат ҳисоб карда, ба намози худ идома бидиҳед, лекин пас аз гузоридани ҳар ракъате бояд бинишинед, зеро эҳтимол дорад, ки мавзеъи қаъдаи охир бошад, сипас дар охир саҷдаи саҳв ба ҷо оваред.

2021-10-08
2138
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39