مسألة № 00264

Домуллои муҳтарам мехостам фаҳмам, ки савоби тиловати Қуръон ба мурдагонамон мерасад ё не?

مسألة:

Домуллои муҳтарам мехостам фаҳмам, ки савоби тиловати Қуръон ба мурдагонамон мерасад ё не?. Хоҳиш дорам бо далелҳои китобӣ ҷавоб гардонед, чунки ин масъала дар байни ҷомеа баҳсҳои зиёд оварда истодааст. Худованд Шуморо нигаҳбон бошад.

 

إجابة:

Бародари азиз дар ин ки тиловати Қуръон кори нек буда, савоби беандоза дорад, ҳеҷ шак ва тардиде нест. Зеро уламо бар матлаби мазкур иттифоқи назар дошта, аз ҷониби зиндаҳо расонидани савобро барои мурдаҳо раво медонанд. Ақидаи Имом Абӯҳанифа (р) низ чунинаст. Аммо муътазилиҳо дар масълаи мазкур бо аҳли суннат ва ҷамоат хилоф доранд. Далоили аҳли Суннат ва ҷамоат зиёд мебошад, аз он ҷумла:

Аз Ҳазрати Алӣ (р) тариқи марфуъ  ривоят аст, ки касе ба назди қабристон гузар кард ва сураи «Ихлос»-ро ёздаҳ маротиба хонда савобашро барои мурдагон бахшад, ба миқдори адади мурдагони ин қабристон ба ӯ савоб мерасад. (Канзул-уммол, 42596).

Аз Маъқил ибни Ясор ба тариқи марфуъ ривоят аст, ки бар сари мурдагонатон сураи «Ёсин» хонед. (Абӯдовуд, 3121)

Ба қавли имом Муҳаммад (рҳ) дар китоби «Истеҳсон» чунин омадааст: Барои зиёраткунандаи қабр мустаҳаб аст, ки ба ваҷҳи матлуб ва оромӣ нишаста сураи «Ёсин»-ро қироат кунад. Аммо дар китоби «Сироҷ» омадааст, ки баъди дафни мурда мустаҳаб аст, ки аввал ва охири сураи «Бақара» хонда шавад. (Ҳошияи «Таҳовӣ», ҷилди 1-ум, саҳ. 413). Дар мазҳаби ҳанафӣ фатво бар қавли имом Муҳаммад (рҳ) аст.       

2016-01-22
3489
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.06.2025

أكثر
الفجر03:18
الظهر12:40
العصر18:02
المغرب20:02
العشاء21:32