مسألة № 02643

Агар шахсе худ ба худ ягон шарт монад ва гўяд, ки “агар ман фалон корро кунам, занам бар ман се талоқ”, дар ҳоле ки занаш қаблан ду бор талоқ шуда ва таҷдиди никоҳ кардаанд. Ин дафъа агар шартро шиканад, занаш боз талоқ мешавад? Оё метавонад, ки шарти гузоштаро бо ягон хайр ё рўза гирифтан бекор кунад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Агар шахсе худ ба худ ягон шарт монад ва гўяд, ки “агар ман фалон корро кунам, занам бар ман се талоқ”, дар ҳоле ки занаш қаблан ду бор талоқ шуда ва таҷдиди никоҳ кардаанд. Ин дафъа агар шартро шиканад, занаш боз талоқ мешавад? Оё метавонад, ки шарти гузоштаро бо ягон хайр ё рўза гирифтан бекор кунад?

Саволдиҳанда:Муҳаммад

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар сурати мазкур бекор кардани шарти гузошташуда имкон надорад. Агар шартро анҷом диҳад, ҳамсараш бори сеюм талоқ мешавад ва идомаи зиндагӣ байни онҳо қатъ мегардад. Бинобар ин, бояд эҳтиёт кунад ва аз анҷом додани он шарти гузошташуда худро нигоҳ дорад.

2022-02-15
1604
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:30
المغرب17:27
العشاء18:57