مسألة № 02647

Бегоҳ аз назди гузаргоҳи меҳмонхонаи Душанбе маблағе ёфтам. Ягон кас набуд, ки пурсам. Ба он ниёз надорам. Дар мавриди ин маблағ чӣ кор кунам, то ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?

مسألة:

Ассалому алайкум. Бегоҳ аз назди гузаргоҳи меҳмонхонаи Душанбе маблағе ёфтам. Ягон кас набуд, ки пурсам. Ба он ниёз надорам. Дар мавриди ин маблағ чӣ кор кунам, то ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?

Саволдиҳанда:Парвиз

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин маблағи ёфтшуда дар назди шумо амонат мебошад, пас то ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар арзиши маблағи мазкур аз ҳафт мисқол нуқра болотар аст, то муддати як сол соҳиби онро суроғ кунед, агар пайдо шуд, хуб, вагарна онро садақа кунед.

2022-02-15
2076
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

05.07.2025

أكثر
الفجر03:21
الظهر12:40
العصر18:02
المغرب20:02
العشاء21:32