مسألة № 02660
Ман хатми Қуръон кардам ва мехоҳам онро ба шахсе бахшам. Равиши бахшидани он чигуна аст?
مسألة:
Ман хатми Қуръон кардам ва мехоҳам онро ба шахсе бахшам. Равиши бахшидани он чигуна аст?
Саволдиҳанда:Исмоил
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз Қуръон шумо бо хондани ин дуо савоби хатми худро бибахшед ва номи он шахсро дар зимни он зикр кунед:
Бор Худоё! Савобу самараи ин оёту сураҳои мубораки тиловатшударо ҳамчун ҳадия ба арвоҳи ҷумла пайғамбарон, хусусан ба рўҳи пурфутуҳи Расули акрам (с) бирасон, баъд аз он ба арвоҳи тамоми хонадону ёрони он Ҳазрат (с) ва ба арвоҳи тобеъину табаъи тобеъин, ҳамаи мардону занони муъмину мусалмон ва ба арвоҳи падарону модарон ва тамоми касоне, ки аз мо дуои хайр талаб намудаанд, бирасон, хусусан ба арвоҳи гузаштагони ин макону хонадон бирасон. Дар ҳақиқат Ту шунаванда ва иҷобаткунандаи дуоҳо ҳастӣ! Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки бар мо дар имон овардан сабқат карданд, биёмурз ва дар дилҳои мо барои аҳли имон ҳеҷ кинае қарор мадеҳ; Парвардигоро! Ба ростӣ ки Ту Меҳрубону Раҳим ҳастӣ!