مسألة № 02667
Ассалому алайкум. Дар кадом ҳолатҳо рўза мешиканад?
مسألة:
Ассалому алайкум. Дар кадом ҳолатҳо рўза мешиканад?
Саволдиҳанда:Муҳаммад
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рўза дар ҳолатҳои зерин мешиканад:
- Қасдан хўрдан ё ошомидан.
- Алоқаи ҷинсӣ кардан бо ҳамсар.
- Бўсидан ё ламс кардани ҳамсар, ки сабаби инзол гардад.
- Сангреза, оҳан ё донаи меваеро фурў бурдан.
- Дар мақъад, бинӣ ва гўш даво чакондан.
- Ба гумони ин ки субҳ надамидааст, саҳарӣ хўрдан ё ғуруби офтобро мушоҳида карда ифтор намудан, ҳол он ки субҳ дамида ва ё офтоб ғуруб накардааст.
- Қасдан қай кардан.
- Ба таври маҷбурӣ хўрондан ё нўшонидан.
2022-04-15
1368