مسألة № 00027
Оё дар намозҳои қазоӣ азон ва қомат гуфта мешавад ё не?
مسألة:
Муҳтарам домуллоҳои азиз, ба ин саволи банда ҷавоб гардонед. Оё дар намозҳои қазоӣ азон ва қомат гуфта мешавад ё не?
Аҳлиддин аз Данғара.
Саволдиҳанда:Аҳлиддин
إجابة:
Барои намозҳои қазоӣ азон ва иқомат гуфта мешавад, зеро Паёмбар (с) дар воқеаи “Лайлатут-таърис” қазои намози субҳро бо азон ва иқомат адо намуданд. Ин воқеаро Абӯҳурайра (р) ва Билол (р) ривоят намудаанд. (“Сунан”-и Абӯдовуд. ч. 2, с.106).
Далели дигар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аст, ки мегӯяд:
إِنَّ الْمُشْرِكِينَ شَغَلُوا رَسُولَ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- عَنْ أَرْبَعِ صَلَوَاتٍ يَوْمَ الْخَنْدَقِ حَتَّى ذَهَبَ مِنَ اللَّيْلِ مَا شَاءَ اللَّهُ فَأَمَرَ بِلاَلاً فَأَذَّنَ ثُمَّ أَقَامَ فَصَلَّى الظُّهْرَ ثُمَّ أَقَامَ فَصَلَّى الْعَصْرَ ثُمَّ أَقَامَ فَصَلَّى الْمَغْرِبَ ثُمَّ أَقَامَ فَصَلَّى الْعِشَاءَ ».
«Рӯзи ҷанги Хандақ мушрикин Пайғамбар (с)-ро аз чаҳор намоз машғул доштанд, то ин ки як қисмати шаб сипарӣ шуд. Он гоҳ Пайғамбар (с) ба Билол (р) дастур дод, ки азон бигўяд. Билол (р) азон ва сипас иқомат гуфт ва Пайғамбар (с) намози пешинро гузорид, сипас Билол (р) барои ҳар як аз намозҳои аср, шом ва хуфтан иқомат гуфт ва Пайғамбар (с) ин намозҳоро гузорид». (Ривояти Тирмизӣ).
Дар китоби «Ҳидоя» оиди ин масъала чунин меорад: «Барои намози фавтшуда азон ва иқомат мегӯяд, зеро Пайғамбар (с) пагоҳи шаби «таърис» қазои намози бомдодро бо азону иқомат ба ҷо оварданд. Агар чанд намоз фавт шуда бошад, барои нахустини он азон ва иқомат мегўяд ва дар намозҳои боқимонда ихтиёр дорад, агар бихоҳад, ҳам азон ва ҳам иқомат гӯяд ва агар бихоҳад танҳо ба гуфтани иқомат иктифо кунад».
(Ҳидоя», ҷ. 1, с. 166, боби азон, бо каме ихтисор).