مسألة № 02771

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҷавобатро додам, ҷавобатро додам”, оё бо ин суханаш ду талоқ воқеъ мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум домулло. Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҷавобатро додам, ҷавобатро додам”, оё бо ин суханаш ду талоқ воқеъ мешавад?

Саволдиҳанда:Омина

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар сурати мазкур фақат як талоқи боин воқеъ мешавад, на ду талоқ. Пас аз ин моҷаро таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим мегардад, ба шарте ки байни шумо қаблан ду талоқ воқеъ нашуда бошад, дар акси ҳол никоҳ байни шумо дигар дуруст нест.

2022-12-20
1384
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.02.2025

أكثر
الفجر05:31
الظهر12:40
العصر16:23
المغرب18:22
العشاء19:52