مسألة № 02782

Оё пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан шарт аст?

مسألة:

Оё пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан шарт аст?

Саволдиҳанда:

إجابة:

Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст. Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст.

2022-12-27
2268
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

31.07.2026

أكثر
الفجر03:52
الظهر12:40
العصر17:46
المغرب19:46
العشاء21:16