مسألة № 02803

Намози таровеҳ чӣ гуна хонда мешавад ва дар он чӣ бояд хонд?

مسألة:

Намози таровеҳ чӣ гуна хонда мешавад ва дар он чӣ бояд хонд?

Саволдиҳанда:Муҳаммад

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, намози таровеҳ дар шабҳои Рамазон аз суннатҳои муаккадаи Пайғамбар (с) мебошад. Имом пас аз гузоридани намози хуфтан барои мардум бист ракъат намоз мегузорад ва дар ҳар ду ракъат намоз салом медиҳад. Имом баъд аз ҳар чаҳор ракъат, ки «тарвиҳа» номида мешавад, ба ҳамон андоза менишинад, ки мардум роҳат кунанд. Гузоридани намози таровеҳ барои марду зан суннат аст. Равиши гузоридани намози таровеҳ айнан монанди намози суннати бомдод аст, бо ин тафовут, ки муқтадӣ ба қироати имом гўш медиҳад. Дар вақти истироҳат «тасбеҳи таровеҳ» хонда мешавад.  Хондани намози таровеҳ пеш аз намози витр ё пас аз он ҷоиз аст. Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

2023-04-04
1040
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42