مسألة № 02823

Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

Саволдиҳанда: Суннатуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз шармгоҳ (роҳи пеш) чор навъ об хориҷ мешавад: манӣ, мазӣ, вадӣ ва пешоб. Манӣ обе аст, ки дар ҳолати эҳтилом ё ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва баъзан дар ҳолати нигоҳи бошаҳват ё оӣўш гирифтан бо ҷаҳиш ва шаҳват хориҷ мешавад. Мазӣ обе аст, ки дар ҳолати нигоҳи бошаҳват, оғўш гирифтан ё бўсидани ҳамсар мебарояд. Вадӣ ҳамон оби рақиқи беранг аст, ки гоҳ-гоҳе бар асари хунукзадагӣ хориҷ мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани манӣ ғусл воҷиб мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани мазӣ, вадӣ ва пешоб фақат вузў бар инсон воҷиб мешавад, на ғусл. Дар ҳама суратҳои мазкур агар либос ба яке аз инҳо олуда шуда бошад, шустани он лозим ва воҷиб мешавад.

2023-04-12
1343
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44