مسألة № 02824

Пули нақд надорам, аммо ба андозаи 48 гр тилло ва 215 гр нуқра дорам. Аз ин миқдор чӣ қадар закот бояд супорам?

مسألة:

Ассалому алайкум. Пули нақд надорам, аммо ба андозаи 48 гр тилло ва 215 гр нуқра дорам. Аз ин миқдор чӣ қадар закот бояд супорам?

Саволдиҳанда: Мавҷуда

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ба ҳисоби шаръӣ нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Нисоби тилло бо арзиши миёнаи имрўз ба 32300 сомонӣ баробар мебошад. Арзиши 48 гр тилло бо ҳисоби миёнаи имрўз ба 18240 сомонӣ баробар мешавад. Аз ин лиҳоз, айни ҳол шумо молики нисоб нашудаед ва бар шумо закот воҷиб нест. Лекин ба шукронаи ин неъмат агар аз ҳазор сомонӣ 25 сомонӣ ба ягон ниёзманде диҳед, савоб мегиред.

2023-04-12
1184
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.02.2025

أكثر
الفجر05:32
الظهر12:40
العصر16:22
المغرب18:21
العشاء19:51