مسألة № 00283
Домуллои муҳтарам, илтимос ба мо мегуфтед, ки дар вақти бо ҷамоат намоз хондан барои пур кардани ҷои холии дар сафи пеш пайдошуда ба тарафи сафи пеш қадам задан мумкин аст ё не дар ҳолате ки ният карда бошад?
مسألة:

Саволдиҳанда:Сироҷиддин
إجابة:
Бародари азиз, ҳаракатҳои ба намоз алоқа надошта вақте ки ба ҳадди амали касир (мисли се қадам роҳ рафтан) дониста шаванд, намозро мешикананд. Вале дар вақти бо ҷамоат намоз хондан барои пур кардани ҷои холишуда дар сафи пеш қадам задан намозро намешиканад ва мустаҳаб ҳам аст. Зеро ин барои ислоҳи намоз аст. (Қайд кардан ба маврид аст, ки беҳтар мебуд, дар ин ҳолат қадам назанад, балки пояшро ба замин молиш дода пеш равад, яъне бар хилофи қадам задани беруни намоз)