مسألة № 02837
Ман бо ҳамсарам дар давоми зиндагӣ як бор никоҳ кардем. Чанд моҳ пас ба Русия омадам ва ўро тариқи телефон бо як лафз се талоқ додам. Оё барои идомаи зиндагии якҷояамон ягон фатво ҳаст?
مسألة:
Ассалому алайкум. Ман бо ҳамсарам дар давоми зиндагӣ як бор никоҳ кардем. Чанд моҳ пас ба Русия омадам ва ўро тариқи телефон бо як лафз се талоқ додам. Оё барои идомаи зиндагии якҷояамон ягон фатво ҳаст?
Саволдиҳанда: Шокирҷон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз воқеъ шудани се талоқ идомаи зиндагии якҷоя байни зану шавҳар ҳаром мегардад, аз ин рў шумо наметавонед бо якдигар зиндагӣ кунед. Нафақаи зан то сипарӣ шудани идда дар зиммаи шумо аст. Пас аз гузаштани идда зан озод аст, агар бихоҳад бо марди дигар ба шавҳар мебарояд. Албатта агар зан аз шавҳари дигар ҳам талоқ шуда иддааш сипарӣ шавад, дар ин сурат бо шавҳари аввалаш метавонанд аз нав зиндагиро оғоз кунанд.