مسألة № 02843

Агар шахс ба сабаби беморӣ рўза гирифта натавонад, оё метавонад, ки закоташро пас аз моҳи Рамазон пардохт кунад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Агар шахс ба сабаби беморӣ рўза гирифта натавонад, оё метавонад, ки закоташро пас аз моҳи Рамазон пардохт кунад?

Саволдиҳанда: Дилшод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, закот ибодати алоҳида аст ва ба рўза вобастагӣ надорад. Агар шахсе дар кадом моҳе соҳиби 32300 сомонӣ шуд ва аз он моҳ як сол гузашт, бояд закоташро пардохт кунад. Агар мақсади шумо аз ин сухан фидяи рўза бошад, пас дар ин сурат беморони дармоннопазир ва пирони солхўрда, ки тавони рўзаро надоранд, метавонанд, ки фидяи рўзаро дар моҳи Рамазон ё пас аз он адо кунанд.

2023-04-19
1009
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

02.04.2025

أكثر