مسألة № 02845
Ман корманди давлатиам, ба ҷуз маоши холӣ аз ягон ҷо манбаъи даромади иловагӣ надорам. Дар бисотам барои рўзи мабодо 30000 сомонӣ мондаам. Оё аз ин миқдор бояд закот диҳам?
مسألة:
Ассалому алайкум. Ман корманди давлатиам, ба ҷуз маоши холӣ аз ягон ҷо манбаъи даромади иловагӣ надорам. Дар бисотам барои рўзи мабодо 30000 сомонӣ мондаам. Оё аз ин миқдор бояд закот диҳам?
Саволдиҳанда: Амиршо
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот 32300 сомонӣ муайян шудааст, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад. Бинобар ин, алҳол бар шумо закот воҷиб нест, аммо барои шукри ин неъмат, ки Худованд ба шумо ин миқдор маблағро насиб фармудааст, агар аз ҳар ҳазор сомонӣ 25 сомонӣ ба ягон ятим ва ё шахси ниёзманд бидиҳӣ, аҷру подоши фаровонро ба даст меорӣ ва иншоаллоҳ дар молу хонадонат файзу баракати илоҳӣ фуруд меояд.