مسألة № 02880

Фарз кардем, ки Худованд дар тақдири инсон 60 сол умр кашидааст, аммо инсон 37 сол зиндагӣ карду ба худкушӣ даст зад. Пас боқимондаи умри ў чӣ мешавад?...

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Фарз кардем, ки Худованд дар тақдири инсон 60 сол умр кашидааст, аммо инсон 37 сол зиндагӣ карду ба худкушӣ даст зад. Пас боқимондаи умри ў чӣ мешавад? Агар давомнокии умри инсонҳоро дар ҳар давлат бисанҷем, гуногун аст. Шахсоне, ки сигор мекашанд ё шароб менўшанд, нисбат ба дигар касоне, ки ин ашёро истеъмол намекунанд, кам зиндагӣ мекунанд. Оё умри мо ба амали мо вобастагӣ дорад?

Саволдиҳанда: Зайнулобидин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар дар тақдири инсон 60 сол умр муайян шуда бошад, пас ҳатман 60 сол зиндагӣ хоҳад кард. Агар дар 37 солагӣ ба худкушӣ даст зад, пас маълум мешавад, ки умри ў ҳамин 37 сол будааст, на 60 сол. Ҳар як амали инсон ва ҳар як ҳодисае, ки дар ҳастӣ рух медиҳад, мутобиқи тақдир воқеъ мешавад. Дар ҳадис омадааст, ки вақте ҷанин дар батни модараш чормоҳа мешавад, фариштае ба сўйи ў фиристода мешавад, пас рўҳро дар он медамад, пас он фаришта ба чор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи ў, муддати зиндагонияш, амалаш ва бадбахт ё хушбахт буданаш. Аз ин лиҳоз, ҳар касеро умраш дар азал муайян шудааст ва чун аҷалаш фаро расид, дигар лаҳзае на пеш меравад ва на пас мемонад. Чунонки Худованди Мутаъол мефаромояд: Ҳар гурўҳеро меоде ҳаст, чун меодашон биёяд, пас на соате таъхир кунанд ва на сабқат кунанд”. (Юнус, 49) Дар ҷойи дигар мефармояд: Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на [соате] пеш раванд. (Наҳл, 61)

2023-06-21
1310
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42