مسألة № 02888

Оё аз меваи дарахте, ки дар қабристонҳо рўидааст, истифода (истеъмол ва фурўш) намудан дуруст аст? Ҳамчунин алафҳои қабристонро барои чорвоҳои хонагӣ даравида ва захира кардан мумкин аст ё на? Дар ҳаққи падару модар ва наздикони мо дуо кунед. Парвардигор ҳифзатон кунад.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё аз меваи дарахте, ки дар қабристонҳо рўидааст, истифода (истеъмол ва фурўш) намудан дуруст аст? Ҳамчунин алафҳои қабристонро барои чорвоҳои хонагӣ даравида ва захира кардан мумкин аст ё на? Дар ҳаққи падару модар ва наздикони мо дуо кунед. Парвардигор ҳифзатон кунад.

Саволдиҳанда: Меҳрон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар яқинан дониста шавад, ки дарахт ё алаф аз хоки қабр ғизо мегирад, дар ин сурат истифодаи меваи дарахти қабристон ва алафи сабзи он макрўҳ мебошад. Агар алафи қабристон хушк шуда бошад, дарав кардан ва истифодаи он кароҳат надорад. Худованд падару модар ва ҳамаи наздикони шуморо биёмурзад ва шомили раҳмати худ гардонад.

2023-07-13
1212
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42