مسألة № 02917
Аз хонае, ки ба иҷора дода шудааст, чӣ гуна закот дода мешавад? Оё нархи хона ба назар гирифта мешавад ё нархи иҷора?
مسألة:
Ассалому алайкум. Аз хонае, ки ба иҷора дода шудааст, чӣ гуна закот дода мешавад? Оё нархи хона ба назар гирифта мешавад ё нархи иҷора?
Саволдиҳанда:Диловар
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала аз фоидаи иҷора закот пардохта мешавад, ба шарте ки маблағи ба дастомада ба миқдори нисоб расад ва як сол бар он гузарад. Агар хона барои тиҷорат бошад, дар ин ҳолат аз нархи хона закот дода мешавад.