مسألة № 02944

Ассалому алайкум, домуллои азиз мегуфтед, ки дар кадом ҳолатҳо саҷдаи саҳв воҷиб мегардад ва тарзи адои он чи гуна аст.

مسألة:

Ассалому алайкум, домуллои азиз мегуфтед, ки дар кадом ҳолатҳо саҷдаи саҳв воҷиб мегардад ва тарзи адои он чи гуна аст.

إجابة:

Бародари азиз саҷдаи саҳв дар ҳолати ба фаромўшӣ таъхири фарз, такрори фарз, тағйири воҷиб, тарк кардани воҷиботи намоз, лозим мешавад ба мислӣ, рукўъ пеш аз қироат, такрори рукўъ, тарки қаъдаи аввал, таъхири ракъати сеюм, замми сура баъд аз «Фотиҳа» фаромўш гардида бошад, дар намози витр нахондани дуои қунут. 

Тарзи адои саҷдаи саҳв чунин аст: Баъд аз хондани аттаҳиёт агар имом бошад ба як тараф салом дода, ду саҷда карда, дар ҳар саҷда се маротибагӣ «Субҳона Раббия-л-аъло» мегўяд ва дар қаъда нишаста дубора аттаҳиёт, салавот ва аллоҳумағфирлӣ-ро хонда салом медиҳад. Аммо агар танҳогузор бошад, ихтиёр дорад, хоҳ як тараф салом диҳад ё хоҳ ду тараф.

2024-01-16
846
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42