مسألة № 02960

Писару духтаре якдигарро дўст медоранд. Агар духтар гўяд, ки ман худамро ба ту бахшидам ва писар гўяд, ки ман ҳам қабулат кардам, оё никоҳ дар байни онҳо дуруст мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Писару духтаре якдигарро дўст медоранд. Агар духтар гўяд, ки ман худамро ба ту бахшидам ва писар гўяд, ки ман ҳам қабулат кардам, оё никоҳ дар байни онҳо дуруст мешавад?

Бобоҷон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин сурати масъала, ки шумо баён кардаед, никоҳ дуруст намешавад, никоҳи исломӣ фарзҳову суннатҳо ва шарту талаботи худро дорад, агар ин талабот риоя нашавад, никоҳ саҳеҳ намешавад.

2024-03-14
1368
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

14.03.2025

أكثر
الفجر05:04
الظهر12:40
العصر16:41
المغرب18:40
العشاء20:10