مسألة № 03002

Апаам бо ин Иблиссифат зиндаги кардан намехоҳад. Агар тавонед, илтимос, гӯед, ки чи хел апаамро аз ин ҷудо кардан мумкин. Мувофиқи қонуни ЗАГС апаам ва шавҳараш ҷудо мебошанд. Мувофиқи шариат бошад дар никоҳаш ҳаст.

مسألة:

Ассалому алейкум. Иҷоза диҳед, ки ба шумо олимони мӯҳтарам муроҷиат кунам. Апаи ман аз шавҳараш ҷудо шуданро мехоҳад. Сабаб зулму суханҳои қабеҳ. Дар пеши мардум ду маротиба 1 талоқи дода буд ва боз бар гашт ба пеши апаи ман. Дар Тоҷикистон шавҳари апаам мушкилиҳои зиёд дошт бо коргарони орган. Апаам бо ин Иблиссифат зиндаги кардан намехоҳад. Агар тавонед, илтимос,  гӯед, ки чи хел апаамро аз ин ҷудо кардан мумкин.  Мувофиқи қонуни ЗАГС апаам ва шавҳараш ҷудо мебошанд. Мувофиқи шариат бошад дар никоҳаш ҳаст. Бо эҳтиром, 

Қосим. 

إجابة:

 Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аппаи  Шумо баъди 2 талоқ бо шавҳараш зиндагӣ карда бошад, то дигар бора аз шавҳараш талоқаша нагирад, аз вай ҷудо шуда наметавонад, яъне айни замон ў дар никоҳи ҳамин шавҳараш аст. Агар аппаат дигар бо шавҳараш зиндагӣ кардан нахоҳад, талоқи ўро мехаред, яъне хулуъ мекунед. Мегўед, ки чанд миқдор маҳр дода бошӣ ҳамонро ман ба ту  метиям, талоқи аппаамро деҳ. 

2024-08-28
460
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.12.2024

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42