مسألة № 03003
Дар як масъала ба маслиҳати Шумо ниёз дорам. Дар хонаҳои сохтмонии нав ҳуҷра гирифтам. Устои таъмиргар гуфт, ки самти насб кардани унитази ҳоҷатхона набояд тарафи қибла бошад. Дар интернет ҷустам ду ақида ҳаст, ки агар девор самти қибларо пӯшонад, қазои ҳоҷат кардан боке нест. Ақидаи дигар мегӯяд, ки тамоман номумкин аст.
مسألة:
Ассалому алейкум. Дар як масъала ба маслиҳати Шумо ниёз дорам. Дар хонаҳои сохтмонии нав ҳуҷра гирифтам. Устои таъмиргар гуфт, ки самти насб кардани унитази ҳоҷатхона набояд тарафи қибла бошад. Дар интернет ҷустам ду ақида ҳаст, ки агар девор самти қибларо пӯшонад, қазои ҳоҷат кардан боке нест. Ақидаи дигар мегӯяд, ки тамоман номумкин аст. Хоҳиш мекунам оид ба ин масъала ҷиҳати динӣ маслиҳат диҳед, то аз хавотирӣ баромада, таъмирро идома диҳам. Бо эҳтиром
Субҳиддин
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар имконият бошад, аз тарафи қибла ба дигар тараф гардонидан хуб аст, вале имконият набошад, дар ҳолати зарурат ҷоиз мебошад, аммо баъди баромадан истиғфор ва надомат мекунад.