مسألة № 03004

Оё даромади бортаъминкунанда (поставитшики) ба рибо дохил мешавад? Барои мисол барои дигарон аз Чин ягон чиз лозим аст, ман чизи мехостаи ўро ёфта, дар болояш пул яъне фоидаи худамро ҳисоб карда ба муштарӣ мегўям (масалан агар савдогар 100 сомон гўяд ман ба муштари 120 сомон мегўям).

مسألة:

Асалому алейкум ва Раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, савол ин аст, ки оё даромади бортаъминкунанда (поставитшики) ба рибо дохил мешавад? Барои мисол барои дигарон аз Чин ягон чиз лозим аст, ман чизи мехостаи ўро ёфта, дар болояш пул яъне фоидаи худамро ҳисоб карда ба муштарӣ мегўям (масалан агар савдогар 100 сомон гўяд ман ба муштари 120 сомон мегўям). Пули бор пурра баробари фармоиш аз ҷониби муштарӣ пардохт карда мешавад. Хохишмандем оиди масъала бо далелҳо рўшанӣ андозед. Ташакури зиёд.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар чунин сурат Шумо ба муштарӣ сароҳатан бигўед, ки ба ман ҳамин чиз 100 (сад) сомонӣ дастрас шудааст, вале ман ин борро барои ҳаққи хизматам (120 сомонӣ) мефўрушам дуруст аст, вале агар дурўғ гўед дуруст нест.

2024-08-28
584
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.12.2024

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42