مسألة № 03068
Баъд аз намози витр таҳаҷҷуд хондан мумкин аст? 2. Қабл аз вақти намози аср ду ракъат намози нафл гузорида онро тўл диҳад, то он ки вақти намоз аср дохил шавад, ҳукми ин намоз чист?
مسألة:
Суол: Ассалому алайкум. 1. Баъд аз намози витр таҳаҷҷуд хондан мумкин аст? 2. Қабл аз вақти намози аср ду ракъат намози нафл гузорида онро тўл диҳад, то он ки вақти намоз аср дохил шавад, ҳукми ин намоз чист? 3. Намози таровеҳро дар танҳоӣ мегузорад, баъд ба ёдаш мерасад, ки фарзу суннати хуфтанро нагузоридааст. Оё дар ин ҳолат намози таровеҳ аз сар гузорида мешавад?
Файзулло
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, намози таҳаҷҷуд баъд аз нисфи шаб то қабл аз субҳ гузорида мешавад, аммо гузоридани нафл пас аз витр дуруст аст. 2. Пеш аз вақти аср намози нафл гузоридан ҷоиз аст. 3. Агар фарзу суннати намози хуфтанро фаромўш карда таровеҳ хонд, фарзу суннатро адо мекунад ва сипас таровеҳро аз сар мехонад.