مسألة № 03075

Ман дар шаҳри Душанбе кор мекунам ва иҷоранишин ҳастам, хона ва оилаам дар ноҳияи Мўъминобод аст, ки дар масофаи 240 км аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар як ё ду ҳафта ду рўз ба хона меравам ва панҷ ё даҳ рўз дар шаҳри Душанбе қарор дорам.

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман дар шаҳри Душанбе кор мекунам ва иҷоранишин ҳастам, хона ва оилаам дар ноҳияи Мўъминобод аст, ки дар масофаи 240 км аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар як ё ду ҳафта ду рўз ба хона меравам ва панҷ ё даҳ рўз дар шаҳри Душанбе қарор дорам. Намозҳои панҷвақта ва ҷумъаро дар Душанбе ва Мўъминобод ба чӣ тартиб хонам? Дар куҷо намозро пурра ва ё қаср хонам?

Юсуф

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр  намозро қаср мегузорад. Аз сабаби он ки шумо дар шаҳри Душанбе фақат панҷ ё даҳ рўз мемонед, намозро қаср мехонед. Дар аснои сафар низ намозро қаср мекунед, зеро масофаи сафар 120 км аст. Аммо дар ватан намозро комил адо мекунед.

2025-04-23
133
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.05.2025

أكثر
الفجر03:38
الظهر12:40
العصر17:39
المغرب19:38
العشاء21:08