مسألة № 03096

Ман як зани мусулмони тоҷик ҳастам. Бо шавҳарам ақди шаръӣ доштем, вале дар зиндагии мо мушкилоти ҷиддӣ ба миён омад. Вақте ҳомила будам, шавҳарам ба ман гуфт, ки “ҷавобат додам”. Баъд аз ду моҳу даҳ рўз гуфт, ки “се талоқ кардам”. Дар ин миён мо на ҳамбистар шудем ва на ягон навъи бозпасгирии ақдӣ вуҷуд дошт. Оё талоқи аввал бо вуҷуди ҳомила буданам дуруст аст ва идда чӣ гуна ҳисоб мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман як зани мусулмони тоҷик ҳастам. Бо шавҳарам ақди шаръӣ доштем, вале дар зиндагии мо мушкилоти ҷиддӣ ба миён омад. Вақте ҳомила будам, шавҳарам ба ман гуфт, ки “ҷавобат додам”. Баъд аз ду моҳу даҳ рўз гуфт, ки “се талоқ кардам”. Дар ин миён мо на ҳамбистар шудем ва на ягон навъи бозпасгирии ақдӣ вуҷуд дошт. Оё талоқи аввал бо вуҷуди ҳомила буданам дуруст аст ва идда чӣ гуна ҳисоб мешавад? Оё гуфтани “се талоқ кардам” баъд аз ду моҳу даҳ рўз ҳукми талоқи муғаллазаро дорад? Аз рўи мазҳаби ҳанафӣ оё се талоқ комил шудааст ва роҳи бозгашт вуҷуд надорад? Агар се талоқ ҳисоб шавад, оё пас аз тавба ва пушаймонӣ аз ҷониби ҳарду, роҳи ҳалол кардани бозгашт вуҷуд дорад? Бо эҳтироми зиёд,

Шабнам

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, шумо ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро талоқ моли мард аст, аз забони шавҳар шунидан лозим аст, баъдан ҷавоби масъалаи шумо равшан хоҳад шуд.

2025-05-01
293
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.05.2025

أكثر
الفجر03:24
الظهر12:40
العصر17:57
المغرب19:53
العشاء21:23