مسألة № 03111

Дар бораи ин дуо камтар маълумот медодед, ки онро чӣ хел ва чанд бор хондан даркор аст. Агар хато навишта бошам, онро ислоҳ кунед. «Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру».

مسألة:

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ҳадиси шариф аз Усмон ибни Абулос ривоят шудааст, ки ў аз беморие, ки дар вуҷудаш эҳсос мекард, ба Расули Худо (с) шикоят намуд. Паёмбар (с) ба ў фармуданд: “Дастатро ба ҷое, ки дар вуҷудат дард мекунад, бигзор ва се бор “Бисмиллоҳ” бигў ва боз ҳафт бор бигў: «Аъузу бииззатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру». Яъне, паноҳ меҷўям ба иззату қудрати Паврардигор аз шарри он чи меёбам ва аз он метарсам. Ба шарофати дуои мазкур дард бартараф мешавад.

2025-07-01
924
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.02.2026

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر16:11
المغرب18:15
العشاء19:45